- гулӯ
- [گلو]1. роҳи хӯрок ва нафас, ки дар қисми пеши гардан воқеъ буда, даҳонро бо сурхрӯда ва шушҳо мепайвандад, ҳалқ, ҳалқум2. гардан; гулӯи касеро гиря гирифтан аз шиддати гиря нафастанг гаштан; гулӯи касеро фушурдан роҳи нафаси касеро танг кардан; касеро буғӣ кардан◊ гулӯ афшондан оҳиста сулфа кардан; гулӯи касеро равған кардан ба касе пора додан, ришва додан; гулӯ хоридан ишора ба ришва талаб кардан; бо анҷом додани коре аз касе чизе тамаъ кардан; аз гулӯ чизе нагузаштан иштиҳо надоштан, майли хӯрдан надоштан; чизе хӯрда натавонистан (ба сабаби нохушие, ҳаяҷон ё интизории касе); (пардаи) гулӯро даронда дод задан сахт дод гуфтан, баланд фарёд задан, аррос задан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.